ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК! Бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон. Улан-Батор. Муғулистон — Тоҷикистон-0:1

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз,  10 сентябр   дастаи мунтахаби  футболи  Тоҷикистон  дар  даври дуюми   марҳилаи  гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»   дар меҳмонӣ бо дастаи  мунтахаби Муғулистон бозӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. Ин дидор дар шаҳри  Улан Батор сурат гирифт.

Вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон дар Улан-Батор баргузор шуд, бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик хотима ёфт. Голи ягонаи вохӯриро Давронҷ Эргашев дар дақиқаи 81 вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Ёдовар мешавем, ки 5 сентябр дар бозии аввали даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон бо ҳисоби 1: 0 ғалаба ба даст оварда буд.

Муфассалтар дар инбора нашр хоҳем кард.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.