Ғарб аз Эрон талаб кард, ки ба иҷрои шартҳои созиши атомии соли 2015 баргардад

Дипломатҳои баландпоя аз ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониё аз Эрон талаб карданд, ки ба созиши ҳастаии соли 2015, ки онро се сол баъдаш ИМА тарк кард, баргардад. Созише, ки зери он инчунин Чину Русия имзо гузоштаанд, аз Ҷумҳурии Исломӣ талаб мекунад, ки даст аз  ғанисозии ураниум бардорад ва бар иваз аз таҳримҳои байналмилалӣ раҳо мешавад. Президент Доналд Трамп соли 2018 бо зикри ин, ки ин созиш ба таври кофӣ Эронро аз фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна бознамедорад, аз он берун шуд ва Теҳрон ҳам тадриҷан аз иҷрои тавофуқоташ бар асоси ин санад ақибнишинӣ кард. Дар изҳороти ахираш Теҳрон гуфт, ки то 21 феврал санҷишҳои ногаҳонии нозирони Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ аз муассисаҳои атомиашро манъ мекунад, ба шарте, ки ИМА таҳримҳои соли 2018 таҳмилкардаашро бекор накунад. Дар изҳороти муштараки вазоратҳои хориҷии Бритониё, Фаронса, Олмон ва ИМА омадааст, ки “қарори маҳдуд кардани кори нозирони Оҷонсии байналмилалӣ табиати хатарнок дорад”. Ин изҳорот аз Эрон талаб мекунад, ки паёмадҳои ин “иқдоми хатарноки худро” бозбинӣ кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.