Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Мянмар

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон имрӯз, 14-уми ноябр, дар шаҳри Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», баргузор шуд.

Дар нимаи аввали дидор мизбонон хеле фаъол буданд ва зуд-зуд ба ҳуҷум мегузаштанд. Ба ҳамлагари онҳо Суан Лам Ман дар дақиқаи 10-уми бозӣ муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд.

Баъди 26 дақиқа ҳисоб баробар шуд – 1:1. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд. Ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон боз бо гол анҷомид. Голи дувуми мянмариҳоро боз ҳам Суан Лам Ман аз масофаи наздик ба самар расонид. Дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мунтахаби Мянмар ба танаффус баромаданд.

Нимаи дувуми дидор низ пуршиддат гузашт. Голи севуми мизбононро Си Тҳу Аун дар дақиқаи 48-ум зад. Баъди 9 дақиқа Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, бо зарбаи сар тӯбро ба тӯри дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисобро тағйир дод – 3:2.

Дар дақиқаи 63-юми дидор боз футболбозони Мянмар муваффақ шуданд. Голи чаҳоруми мянмариҳоро Маун Маун Луин ба самар расонид. Пас аз 14 дақиқа ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов голи севуми дастааш ва голи дувуми худро дар ин бозӣ ба дарвозаи мизбонон зад. Зимнан, ин голи 17-уми Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ӯ аз рӯи ин нишондод аз Юсуф Рабиев, ки бо 15 гол дар мақоми аввал буд, пеш гузашт.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон аз Мянмар бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда, аз се имтиёз маҳрум шуд.       

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.