Қаҳрамонии фарзанди тоҷик

То вохӯрии нахустин бо ин марди шуҳратманд дар борааш ҳар гуна овозаҳои пурҳангомаро мешунидам. Мегуфтанд: ӯ қаҳрамони ҷанг, танкчии диловар, марди ҷасуру коммунисти матин, фотеҳи водии Вахш, раиси овозадори хоҷагии пешқадам, роҳбари сахтгиру адолатпеша. Ҳамаи ин хислатҳо ба Анвар Қаландаров тааллуқ дошт ва ин ташкилотчии моҳирро аввалҳои солҳои 70 – уми асри сипаригашта аз хоҷагии пешқадами ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) ба совхози навбунёди Сеъезди ХХ11 – и партияи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) ба сифати директор гузарониданд. Ин хоҷагӣ ҳоло ба ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) тааллуқ дорад.

Моҳи июни соли 1971 дастаи тарғибгарони Комитети Марказии комсомоли республика бо роҳбарии Рустам Барамиков барои ҷамъоварии маблағ ба фонди Сулҳ ба ноҳия омад. Котиби якуми комитети районии комсомол Ҳоҷибекова К. С. ба ман супориш дод, ки гуруҳро ба совхози Съезди ХХ11 партия, ба шаҳраки Ғароутӣ барам. Барои мо кормандони сатҳи районӣ сафар ба ин хоҷагӣ ба як ҳисоб азоби алим ба шумор мерафт. Бо сабаби набудани пӯли дарёи Вахш (он соли 1973 ба истифода дода шуд)  сафаракиҳо ё ба воситаи амади дар деҳаи Қалъа вуҷуд дошта, аз дарёи Вахш мегузаштанд ва ё аз пули деҳаи Қизил – Қалъа, ки дар масофаи 60 километр дур воқеъ гардида, истифода мебурданд. Хулоса, барои иҷрои ин амал як рӯзи корӣ сарф мешуд.

Соати 4 – и бегоҳ ба маркази шаҳрак расидем. Дарҳол шиору овезаҳоро ба тахтаҳои эълонҳо овехтем. Ба воситаи радиоузели хоҷагӣ аҳолиро ба тамошои намоиши ҳунармандон ва шунидани маърӯзаҳо дар мавзӯҳои сулҳу дӯстӣ ба клуби совхоз даъват намудем. Пас аз интизориҳои зиёд маълум шуд, ки ҳамагӣ 90 кас ба ин чорабинӣ ҷалб карда шудааст. Роҳбари гуруҳ ҳар лаҳза ба ман бо лаҳни тунд норозогии худро баён мекард ва аз кам будани иштирокчиён ва ҷамъоварии маблағи ночиз шикоят мекард. Оқибат ба эродҳои дилбазанаш тоқат накарда, ба самти идораи совхоз раҳсипор гаштам. Ин дам мошини сабукрави УАЗики хоҷагӣ дар наздам чанги роҳро ба осмон бардошта истод ва аз он марди миёнақади бо тану тӯши пура ва чеҳраи хандон баромада, бо забони ширин пурсид:

– Ҳа, комсомол, дар ин гуна рӯзи гарму пурҳаловат ва ҳавои тару тоза аз чеҳраат барфу борон меборад?

Донистам, ки ин марди фозилу шӯхтабиат Анвар Қаландаров мебошад. Бо ду ҷумла ҳолати ба сарам омадаро тасвир намудам. Дар мавриди суҳбати мо роҳбари гуруҳ, ки пайваста ба думболам гашта, бо таънаю пичингаш ба ҷонам расида буд, наздик шуд.

– Худатонро муаррифӣ кунед? – директори совхоз хушҳолона даст сӯи меҳмон дароз кард.

– Рустам Барамиков, – роҳбари гуруҳ зуд пайхас намуд, ки дар наздаш роҳбари совхоз истодааст.

– Шумо писари оператори киностудияи «Тоҷикфилм» Иброҳим Барамиков мебошед? – такроран савол дод Анвар Қаландаров.

– Бале, ман писари ҳамон кас, – дар чеҳраи Рустам ифодаи ифтихор нақш баст.

– Ман падаратро мешиносам, – директори совхоз ҳардуи моро барои нишастан ба мошин даъват намуд.

Ӯ ронанда надошт ва барои сарфа кардани маблағи совхоз аз баҳри хизмати ронанда гузашта буд. Дар ҳоле ки дигар раисони хоҷагӣ ин иқдоми ӯро зери таънаю масхара мегирифтанд. Ба коргоҳ расидан баробар моро хазиначӣ пешвоз гирифт. Баъдтар маълум гардид, ки ин директори сарфакор аз хизмати котиб низ гузашт карда будааст. Ҳар се ба дафтари кориаш даромадем. Ба хазиначӣ супориш дод, ки барои меҳмонон чойи сабзи баланд омода намояд ва аз Рустам ҳазломез пурсид, ки чаро димоғаш ночоқ мебошад.

– Медонед, муҳтарам директор, –  роҳбари гуруҳ қадре забон хоид, – бори аввал ба сафари хизматӣ баромадам. Мехоҳам, ки ба Кумитаи Марказӣ бо сари баланд аз иҷрои супориш ҳисобот диҳам.

– Ба фонди Сулҳ чи қадар маблағ супоридан даркор? – Анвар Қаландаров аз мақсади Рустам огоҳ гардида, барои он ки ӯ нашармад ба тарафи ман рӯй гардонд ва шӯхиомез чашмакӣ зад.

– А – а- аққалан, – каме ранги сурхӣ ба рӯйи Рустам давид, – 300 сӯм мешуд…

Хазиначӣ чойники чойро оварда, дар назди роҳбари хоҷагӣ гузошт ва даст пеши бар гирифта мунтазири фармон шуд. Анвар Қаландаров пиёларо ба даст гирифта ба ӯ супориш дод.

– Ба фонди Сулҳ 400 сӯм гузарон!

– Худи ҳозир, – гуфта хазиначӣ аз дафтари корӣ баромад.

Ман дидам, ки чеҳраи Рустам ба якборагӣ шукуфт ва ӯ худро тамоман озод ҳис намуд.

– Ба падарат саломи маро расон, – соҳиби дафтари корӣ пиёлаи чойро ба Рустам дароз кард.

– Аз номи кӣ гӯям? – ман ҳайрон ба роҳбари гуруҳ нигаристам ва дар тааҷҷуб будам, ки ӯ то ҳол роҳбари хоҷагиро нашинохтааст.

– Аз номи Анвар Қаландаров, – бо табассуми ба худ хос посух гардонд директор.

Гӯё Рустамро барқ зада бошад, ки чун тир қомат бардошт ва бо чашмони ҳайратзада ба мизбон менигарист. Чанд дақиқа дар хомӯшӣ гузашт. Ману Анвар Қаландаров ҳайрон ба намояндаи Комитети Марказии комсомол дида медӯхтем. Дар охир меҳмон ба забон даромад.

– Падарам дар бораи далерию шуҷоати шумо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қиссаҳои зиёде ба мо фарзандон ҳикоя мекунад, – Рустам хурсандияшро бо нигоҳи чашмони шарарбор ифода мекард. – Ӯ кайҳо орзу дорад, ки дар бораи корномаҳоятон ҳам дар майдони корзор ва ҳам заҳматҳои кашидаатон дар ободонии водии Вахш филме офарад. Аллакай намоишнома…

– Ба шуҳрат таваҷҷуҳ ва майлу рағбат надорам, – хоксорона директор сухани роҳбари гуруҳро бурид…

Дар ҳақиқат ман шоҳиди гуфтаҳои Анвар Қаландаров будам. Зери роҳбарии ин пахтакори асил хоҷагӣ аз 12 ҳазор гектар ҳар сол 15 ҳазор тона пахтаи маҳиннах ҷамъоварӣ намуда, ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ шуда, соҳиби Байрақи Сурхи сайёри КМ КПСС, Иттифоқхои касабаи Умумииттифоқ ва КМ ВЛКСМ гардида, шаҳраки Ғароутӣ низ дар натиҷаи часпу талошҳои ин роҳбари кордон дар озмуни Умумииттифоқӣ ҷиҳати ободонӣ ва маданӣ – фароғатӣ ҷойи аввалро насб карда бошад ҳам ӯ ин рӯйдодҳоро ҳамчун амри табиӣ қабул кард.

Аввалҳои солҳои 80 – ум Анвар Қаландаровро бо шукуҳу шаҳомат ба нафақа гусел карданд. Вале Комитети Марказии партия намехост, ки ин роҳбари кордону қобилиятнок ва ташкилотчии моҳирро аз даст диҳад. Бо ин хотир муассисаи нав – Идораи бозорҳои колхозӣ таъсис дода, ба он роҳбар таъин намуда, барояш дар бозори «Баракат» ҳуҷраи корӣ муҳайё карданд. Як рӯзи пурҳаловати тобистони соли 1982 ба қабулаш рафтам.

– А, комсомол, аз ташрифат сарам ба осмон расид, – чун солҳои пешин бо меҳр дастамро фишурд. – Ана, ин ҷойи кори ман, – ҳуҷраи танги дар қабати дуюми қисмати ғарбии бинои бозори «Баракат» – ро нишон дод. – Ба қавле шерро дар қафас ҷой дода бошанд. Ба ман майдони васеъ ва мардуми меҳнаткаш лозим аст, ки даст ба ободонӣ ва сохтмон занам. Аз даврони тифлӣ муқаррар кардани нарху навои сабзию пиёзро намеписандам.

– Ба фикрам лаёқату истеъдоди шуморо ба назар гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани масъалаи таъмини аҳолии шаҳр бо меваю сабзавот ин вазифаро лоиқ донистаанд, – ӯро таскин доданӣ шудам.

– Эҳ, комсомол, комсомол, – бо афсӯсу надомат сар ҷунбонд фотеҳи водии Вахш, – умри ман дар талошу набарду корзорҳо гузаштааст. Ба ман касби идоранишинӣ маъқул нест. Мехоҳам дар байни мардум бошаму диёрамро, Ватанамро ободу зебо гардонам.

Ҳамин буд, ки илтимосу дархостҳои бешумори Анвар Қаландаровро ба инобат гирифта, ӯро сардори Колонаи сайёри механиконидашудаи рақами 22, ки дар паҳлуи шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор воқеъ гардида буд, таъин намуданд. Вобаста ба ин рӯйдод маъракаи шиносоӣ гузаронд. Ҳини ба ин чорабинӣ ҳозир шудан гумон кардам, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ дар он иштирок дорад ва Анвар Қаландаров бо симои нуронӣ ва ҳазлҳои шӯхиомезаш хотири меҳмононро шод мегардонд. Ба даву тозаш ва ҷаҳду ҷадалаш назар карда аз дил мегузарондам, ки Худованди карим дар ҳақиқат ӯро барои содиқона ба халқ хизмат кардан ва ободу зебо гардонидани диёри азизам офаридааст.

Аз ин ҷаҳонро падруд гуфтани ин фарзанди вафодори миллат Анвар Қаландаров чандин даҳсолаҳо гузашта бошанд ҳам номи некаш дар дилу дидаи на танҳо мардуми водии Вахш, балки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ абадӣ боқӣ мондааст.

Зариф ҒУЛОМ,

нависанда

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.