Қамчибек Тошиев раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон шуд

Қамчибек Тошиев раиси нави Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъйин шудааст. Хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон рӯзи 16-уми октябр хабар дод, ки фармонро дар ин бора сарвазир ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи президент Содир Ҷабборов (Ҷапаров) имзо кард. Қамчибек Тошиев дар интихоботи порлумонии 4-уми октябр ҳамчун раҳбари ҳизби “Мекенчил” вориди рақобат шуда буд. Ӯро яке аз дӯстони наздики Содир Ҷабборов медонанд. Ҷабборов, ки бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум шуда буд, шаби 5 ба 6-уми октябр аз тарафи эътирозгарон аз зиндон озод карда шуд. Вакилони порлумон ӯро аввал нахуствазир интихоб карданд ва сипас салоҳиятҳои президентро барояш доданд. Раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, Сооронбой Ҷеенбеков, дар пайи талаби эътирозгарон ба истеъфо рафт. Қирғизистон баъд аз интихоботи порлумонии 4-уми октябр, ки дар он асосан ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат пирӯз эълон шуданд, вориди буҳрони сиёсӣ гардид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.