Қарзи давлатии Қирғизистон дар як соли охир 380 млн доллар афзудааст

Вазорати молияи Қирғизистон хабар дод, ки қарзи давлатии ин кишвар то санаи 30-уми ноябри соли 2020 ба 4 млрд 887 млн 46 ҳазор доллар расидааст. Дар давоми як сол ин қарз 383 млн 980 ҳазор доллар афзудааст.

Қарзи хориҷӣ 86,3 дарсад ё 4 млрд 218 млн 38 ҳазор доллар ва қарзи дохилӣ 13,7 дарсад ё 669 млн долларро ташкил медиҳад. Бузургтарин қарздиҳандаи Қирғизистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ба Қирғизистон 1 млрд 782 млн 37 ҳазор доллар қарз додааст.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.