Қарзи хориҷии Узбекистон ба 30 дарсади ММД (ВВП) расид

Вазорати молияи Узбекистон дар бораи вазъи қарзи хориҷии кишвар дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 10-уми сентябр гузориш нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳод, Узбекистон то рӯзи 1-уми июли имсол аз ниҳодҳои зер қарз гирифтааст:

Бонки осиёии рушд – 3,9 миллиард доллар;

Бонки ҷаҳонӣ – 3 миллиард доллар;

Эксимбонки Чин – 2 миллиард доллар;

Оҷонсии байналхалқии ҳамкории Ҷопон – 1,7 миллиард доллар;

Бонки давлатии рушди Чин – 1,3 миллиард доллар;

Сармоягузорони байналхалқӣ – 1 миллиард доллар;

Бонки исломии рушд – 0,8 миллиард доллар;

Бонки ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон – 0,4 миллиард доллар;

Ниҳодҳои дигари байналхалқии молӣ – 3,2 миллиард доллар.

Бино бар вазъи 1-уми июли соли ҷорӣ маҷмуи қарзи хориҷии Узбекистон 19,4 млрд доллари ИМА ё 34 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Узбекистон 1,6 млрд доллар ё 10,5% афзудааст.

Қарзи дохилии Узбекистон 6,2 фоиз афзуда, ба 2,1 миллиард доллар расидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.