Қазияи пурсару садои қочоқи 90 кг тилло. Се корманди Хадамоти гумрук боздошт шудаанд

Се корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар робита ба талоши интиқоли 90 килограм тилло ва 15 миллион доллар аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар, боздошт шудаанд. Аз интиқоли ин миқдор тилло ва маблағ моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷилавгирӣ шуда буд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода, як масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ талош карданд ин миқдор тилло ва пулро аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, се корманди Хадамоти гумрук, ки дар гузаргоҳи Панҷи поён кор мекарданд, барои “дуруст наомухтани ҳуҷҷатҳо ва хунукназарӣ”, муттаҳам мешаванд. Ӯ афзуд, дар маҷмӯъ 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин робита боздошт шудаанд ва парвандаи онҳоро Додситонии кулл тафтиш мекунад.

Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз талоши интиқолу боздошти афроде барои 90 килограм тилло ва 15 миллион доллар хабар дода буданд. Ба навиштаи ин расонаҳо, онҳо аз сӯи кормандони КДАМ боздошт шуданд.

Бархе расонаҳо он замон навиштанд, ки дар ин кор ду писари раҳбари пешини кони тиллои Шугнов даст доштаанд. Аммо ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашуд.

Дар ҳоли ҳозир 90 кило тилло бо нархи Бонки миллии Тоҷикистон 59 миллиону 611 ҳазору 500 сомонӣ арзиш дорад. Иловар бар ин, 15 миллион доллари дигар, ин қочоқ хеле ҳаҷми бузург аст ва маълум нест, ки омилони онро чанд соли зиндон интизор аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.