Қазоқистон аз Кобул 35 қазоқтабор ва як сокини Қирғизистонро берун овард

Ҳавопаймои вазорати мудофиаи Қазоқистон ҳомили мусофирон аз Афғонистон шоми 9 сентябр дар фурудгоҳи Алмаато фуруд омад.

Ҳавопаймо 41 мусофир дошт, ки аз ин шумор 35 нафарашон қазоқтаборони Афғонистон буданд. Онҳо ба ватани таърихии худ кӯч бастаанд. Мусофирони дигар – чаҳор тан шаҳрвандони Қазоқистон, як афғони муқими Қазоқистон ва як тан шаҳрванди Қирғизистон будаанд.

Гуфта мешавад, дар Афғонистони таҳти идораи “Толибон” садҳо қазоқтабори дигар боқӣ мондааст, ки хоҳиши кӯч бастан ба Қазоқистонро доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.