Қазоқистон силоҳи “Калашников” харидорӣ кард

Мудири кулли ширкати “Калашников” Дмитрий Тарасов хабар дод, ки Арманистон ва Қазоқистон силоҳҳои нави навъи “АК-12”-ро дастрас карданд. Ба гуфтаи ӯ, Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст.

“Теъдоди на он қадар зиёди силоҳи АК-12 ба Арманистон ва Қазоқистон интиқол дода шуд. Ҳоло Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст”, – Тарасов дар намоишгоҳи низомии IDEX дар АМА.

Расонаҳо 20 феврал хабар доданд, ки силоҳҳои “Калашников”-и навъи АК-12 ва АК-15 ба бозори содиротӣ баромаданд.

Ширкати “Калашников” мегӯяд, ба автомати АК-12 ба хотири такмилсозии ҳадафгирӣ баъзе тағйиротҳо ворид карда шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.