Қазоқистон телефони рӯзноманигоронро бо барномаи ҷосусии исроилӣ “гӯш мекардааст”

Мақомоти беш аз даҳ кишвари ҷаҳон бо истифода аз барномаи ҷосусие, ки ширкати исроилии “NSO Group” таъмин кардааст, телефонҳои фаъолон, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи худро назорат ва таъқиб мекардаанд. Дар ин бора дар таҳқиқоти нави OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ки 18 июл ба нашр расид, гуфта шудааст.

На камтар 188 рӯзноманигор ҳадафи барномаи ҷосусие бо номи “Pegasus” қарор гирифтаанд, ки имкони гуш кардани зангҳо, хондани паёмҳо ва дастрасӣ ёфтан ба муҳтавои телефонҳои ҳамроҳ, аз ҷумла аксу видео, маълумоти GPS, сабт кардани наворҳои пинҳонии садоӣ ва видеоиро фароҳам мекунад. Муаллифони таҳқиқот хулосаи худро дар асоси таҳлили 50 ҳазор рақами телефоние баён намудаанд, ки бо барномаи ширкати исроилӣ таъқибу назорат шудаанд.

Таҳқиқотгарон беш аз даҳ муштарии асосии ширкати “NSO Group”-ро муайян кардаанд, ки дар миёнашон Қазоқистон, Озарбойҷон, Маҷористон, Ҳиндустон, Индонезия, Мексика, Арабистони Саудӣ ва АМА ҳам ҳастанд.

Бино ба таҳқиқоти OCCRP, мақомоти Озарбойҷон телефони садҳо фаъоли маданӣ ва рӯзноманигор, аз ҷумла хабарнигорони бахши озарии Радиои Озодиро таъқибу назорат кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.