Қазоқистон ваксинаи русии “Спутник V”-ро то ҳол ба қайд нагирифтааст

Мақомоти Қазоқистон эътироф карданд, ки ваксинаи русии “Спутник V” бо вуҷуди оғоз шудани истифодаи оммавияш дар ин кишвар то ҳол расман ба қайд гирифта нашудааст.

“Бақайдгирӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Мо маҷмуи санадҳоро омода дорем. Нахустин мояҳои ваксина дар ҳаҷми 22 ҳазор моя бар асоси қонунҳои амалкунанда ба кишвар ворид карда шуд”, – изҳор дошт муовини вазири тандурустии Қазоқистон Ерлан Қиёсов рӯзи 3 феврал.

Муовини дигари вазири тандурустии Қазоқистон Ажар Гиният илова кард, ки аз ҷониби Русия гузоришҳо дар бораи ҳамаи марҳалаҳои озмоиши клиникии ваксина дархост шудааст ва танҳо баъди таҳлил воридоти он ба ин кишвар иҷозат дода шудааст.

Вале масъулони Вазорати тандурустии Қазоқистон эътироф карданд, ки ваксинаи русӣ дар ин кишвар то ҳол расман ба қайд гирифта нашудааст. “Рӯзҳои наздик ин ваксинаро мо дар кишвар ба қайд хоҳем гирифт”, – изҳор дошт Қиёсов.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки гузаронидани оммавии ваксинаи русӣ аз 1 феврал дар ин кишвар оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал онро ба табибон хоҳанд гузаронд. Қазоқистон дар маҷмуъ ба маблағи 40 млн доллар ваксинаи русӣ харидорӣ хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.