Қазоқистон ваксинаи “Спутник V”-ро аз Русия бо нархи пешин мехарад

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Ерлан Киясов 17 март гуфт, Нурсултон харидории ваксинаи русии зидди коронавирус – “Спутник V”-ро бо нархи пешин идома хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки моҳи феврал хабар дода шуд, Русия нархи ваксинаро поин бурдааст.

“Қарордод бо нархи пешин баста шудааст. Ҳукумати Русия тасмим гирифт, нархи ваксинаро дар бозори дохилӣ поин барад. Вале онҳо масъалаи поин бурдани нарх барои хориҷ аз Русияро баррасӣ накардаанд. Бо вуҷуд умед ҳаст, ки нарх тағйир дода мешавад”, – изҳор дошт Ерлан Киясов.

Дар ҳоли ҳозир ширкати қазоқии “СК-Фарматсия” ду мояи ваксинаи “Спутник V”, ки дар Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағанда истеҳсол мешавад, 26 доллари амрикоӣ мехарад.

Гузаронидани оммавии ваксинаи русӣ дар Қазоқистон 1 феврали соли равон оғоз шуд. Вале худи ваксинаро дар он кишвар 16 феврал ба қайд гирифтанд. Қазоқистон ба истеҳсол ва харидории ваксинаи русӣ 17 миллиард танга харҷ карданӣ аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.