Қазоқистон воридоти помидору қаламфурро аз Туркманистон манъ кард

Қазоқистон воридоти қаламфур ва помидорро аз Туркманистон муваққатан манъ кард. Дар ин бора рӯзи 7 июн дар вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар доданд.

Дар вазорат гуфтанд, вақтҳои ахир дар таркиби помудор ва қаламфуре, ки аз Туркманистон ворид мешавад, моддаҳои карантинӣ мушоҳида мегардад.

Мақомоти Қазоқистон ба мақомоти Туркманистон дар бораи риоя накардани талаботи фитосанитарӣ огоҳӣ ирсол кардаанд.

Пештар аз ин дар Русия низ дар таркиби помидор ва қаламфури аз Туркманистон воридшуда моддаҳои карантинӣ ошкор шуда буд. Дар солҳои гузашта даҳҳо тона помидори истеҳсоли Туркманистонро дар Русия нобуд карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.