Қирғизистон ба Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷири корӣ мефиристад

Сокинони вилояти Талласи Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки дар доираи як барнома дар Кореяи Ҷанубӣ ҷои кор пайдо кунанд.

Ба огаҳии Вазорати меҳнат, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, ин имкон дар пайи имзо шудани як созишнома бо раиси ноҳияи Кочанги Кореяи Ҷанубӣ фароҳам шудааст.

Бар асоси созишнома, 50 сокини Талас бо ҷои кори муваққат (панҷмоҳа) дар бахши кишоварзии Кореяи Ҷанубӣ таъмин шуда, соли оянда теъдоди ҷойҳои корӣ ба 300 расонида мешавад.

Озмуни интихоби кормандонро дастгоҳи намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Талас баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Кореяи Ҷанубӣ ибтидои моҳи соли равон қабули муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистонро бар асоси созишномае, ки моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус иҷрои он боз дошта шуда буд, аз сар гирифтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.