Қирғизистон барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадро боз кардааст. Киҳо метавонанд ворид шаванд?

Мақомоти Қирғизистон барои баъзе аз категорияи алоҳидаи шаҳрвандони тоҷик марзашро боз кардааст. То моҳи сентябри соли ҷорӣ сарҳади ҳамсоякишвар барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон баста буд, ҳатто барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд.

Мақомоти Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар марз рух дода буд, марзҳояшро бо Тоҷикистон баста буд.

Хабаргузории Sputnik Қирғизистон, бо истинод ба дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, иттилоъ додааст, ки қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, вуруд ба ин кишвар иҷоза дода шудааст.

Тибқи фармони Девони вазирони Қирғизистон, ки рӯзи 22-юми октябр содир шудааст, вуруд тавассути 5 гузаргоҳ иҷозат дода шудааст.

  • барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ба ватан бармегарданд;
  • барои кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалии дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгирбуда ва аъзои оилаи онҳо;
  • барои аъзоёни ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ.

Ду категорияи охирин бояд Вазорати корҳои хориҷиро пешакӣ дар бораи омадан ё рафтани худ хабардор кунанд.

Ҳамчунин вуруди шахсоне иҷоза дода мешавад, ки қонунгузории Қирғизистон дар соҳаи муҳоҷирати қирғизҳои этникӣ ва додани кафолат ба онҳо равона шудаааст(бо далелҳои ҳуҷҷатии хешовандӣ, пайдоиши мол ва нақлиёт барои истифодаи шахсӣ, тибқи бо меъёрҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё);

  • барои шаҳрвандони Тоҷикистон, молу нақлиёте, ки дар татбиқи лоиҳаи барқарорсозии НБО-и Токтогул ширкат доранд (бо дархости Вазорати энергетикаи Қирғизистон);
  • барои шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгор/муаллимоне, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил ё кор мекунанд(бо дархости пешакӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон);
  • барои фарзандони ноболиғи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд (бо тасдиқи ҳуҷҷатии хешутаборӣ).

Дар баёнияи матбуотии ин ниҳод гуфта мешавад, ки шаҳрвандони дар боло зикршуда метавонанд тавассути тамоми панҷ гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон вориди қаламрави ин кишвар шаванд: “Кулунду”, “Қайроғоч”, “Қизил-Бел”, “Бордебо” ва “Қарамиқ”.

Зимнан, гузаргоҳи “Кулунду” гузаргоҳи байнулмиллалӣ аст, бинобар ин, маҳдудиятҳои ҷорӣ ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм дахл надоранд.

Вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон тавассути кишварҳои сеюм манъ аст.

Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки сарҳад миёни ин кишварҳо ду маротиба баста шуда буд: бар асари пандемия моҳи марти соли 2020, баъдан 21 майи соли 2021, пас аз муноқишаи марзӣ миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29 апрел ба миён омада буд.

Дар задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду ҷониб беш аз 55 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сообщение Қирғизистон барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадро боз кардааст. Киҳо метавонанд ворид шаванд? появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.