Қирғизистон бо 221 млн сом ваксинаи зидди зуком мехарад

Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов 8 сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ҳукумати ин кишвараш барои харидории ваксинаи зидди зуком 221,5 млн сом (ҳудуди 2,8 млн доллар) ҷудо кард.

Ба гуфтаи Боронов, бо ин пулҳо 700 ҳазор моя (доза) ваксина харидорӣ шуда, нахустин бастаҳо 15 сентябр дастрас мешаванд.

“Ваксинаро пеш аз ҳама хонандагон, омӯзгорон, табибон ва гуруҳи осебпазири аҳолӣ дарёфт мекунанд. Дар бемористонҳои хусусӣ ваксина пулакӣ хоҳад буд”, – афзуд ӯ.

Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳамасола беш аз 100 ҳазор моя ваксинаи зуком харидорӣ мекунад. Бештари он ба гуруҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони тиб, кӯдакон ва пиронсолон гузаронида мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.