Қирғизистон гуфт, кони тилои “Қумтор” дар ду моҳ $90 млн даромад овардааст

Дар моҳҳои июн-июли соли 2021 кони тилои “Қумтор” барои Қирғизистон 90 млн доллар фоида овардааст. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод.

“Дар 21 сол мо аз “Қумтор” ҳамагӣ 84 млн доллар фоида гирифтем, аммо дар моҳҳои июн-июл ин даромад 90 млн долларро ташкил дод. Ана, дар куҷо ҳастанд пулҳои мо. Дороиҳои Қирғизистонро ғорат карданду дуздиданд. Мо фасодкории онҳоро ошкор кардем… Дар Қумтор ҳар моҳ 1,5-2 тона тило истихроҷ мешуд, ки тариқи ҳавопаймо ба хориҷ мебурданд. Айни замон ҳатто як грамм тило ба хориҷ бурда намешавад. Аз ҳисоби ҳамин Қирғизистони мо сарватманд мешавад, маблағ пайдо мегардад”, – гуфт Тошиев.

Вай афзуд, ба ҷуз аз “Қумтор” дар ширкатҳои дигаре ҳам фасодкорӣ ошкор шудааст, ки ба кандани куҳҳо машғул ҳастанд.

Пештар аз ин вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки дар чаҳор моҳи охир дар кони тилои “Қумтор” 4,1 тона тило истихроҷ шудааст. Ба иттилои вазир, ин миқдор тило 61-62 млн доллар арзиш дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.