Қирғизистон мегӯяд, як ронандааш дар Тоҷикистон “гаравгон” гирифта шудааст

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе мегӯяд, 10 мошини боркаши қирғизҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дармондаанд. “Бо ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июн барои иҷозаи бурунрафт додан ба мошинҳои боркаш гуфтугӯҳо анҷом дода шуд ва ҳоло низ идома доранд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат. Пештар хабар дода шуд, ки як ронандаи мошини боркаш аз Қирғизистон бо номи Виталий Шултс дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон бо Узбекистон дармондааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода, ки дар баробари ӯ чандин ронандаи дигар низ наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд, вале намехоҳанд қазия расонаӣ шавад. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мошини Виталий Шултс ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ боздошт шудааст. Вале Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон ин воқеаро “гаравгонгирӣ” унвон кард. Мақомоти Тоҷикистон ба ин иддао посух надодаанд. Қирғизистон аз моҳи майи имсол марзҳояшро муваққатан бо Тоҷикистон баст. Вале Тоҷикистон ба равуои байналмилалии ронандагони Қирғизистон ҳеч гуна маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.