Қирғизистон шеваи ташхиси COVID-19-ро тағйир дод

Вазорати тандурустии Қирғизистон шеваи ташхиси COVID-19-ро дигар мекунад. Дар ин бора рӯзи 26 июн муовини вазири тандурустии он кишвар Мадамин Каратаев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд бо шеваи JenExpert ташхиси COVID-19 ба роҳ монда мешавад.

“Ин шева имкон медиҳад, ки давоми як соат 8 ташхис бо дурустии 99 дарсадӣ муайян карда шавад. Пештар асосан беморони сил бо ин шева ташхис мешуданд. Айни замон мо 6,5 ҳазор василаи ташхис дастрас кардем, ки метавонанд COVID-19-ро муайян кунанд”, – гуфт муовини вазир.

Дар як рӯзи охир дар Қирғизистон 250 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд.

Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон ба 4204 кас расид. Аз ин шумор 2162 кас шифо ёфта, 43 тан фавтидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.