Қирғизистониҳоро ба сарфакории барқ даъват карданд: зимистон камобӣ мешавад

“Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон” аз сокинони он кишвар даъват кард, ки дар истифодаи барқ сарфакор бошанд.

Ширкат гуфт, тирамоҳу зимистони 2021-2022 ба далели афзоиши талабот ва камобдӣ дар дарёи Норин камбарқӣ пешгӯӣ мешавад. Обанбор ва неругоҳи Токтогул аз дарёи Норин об мегирад. Мақомоти Қирғизистон барои ҳалли ин буҳрон се роҳҳал пешниҳод доранд.

Нахуст, табодули барқ бо Қазоқистону Узбекистон. Дувум, тавлиди бештари барқ дар неругоҳи гармидиҳандаи шаҳри Бишкек ва севум ҷорӣ кардани маҳдудият дар истифодаи барқ.

Аз ҳоло “Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон” аз сокинон даъват кардааст, ки дар истифодаи барқ сарфакор бошанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, шуруъ аз соли 2019 дар дарёҳои Норину Сирдарё камобӣ мушоҳида мешавад. Зимистони гузашта мақомоти он кишвар борҳо аз сокинон даъват карданд, ки барқро сарфакорона истифода баранд ва бидуни зарурат дастгоҳҳои барқиро рушан накунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.