Қочоқи нашъа тавассути интернет ва боздошти 40 гурӯҳи ҷиноӣ дар Тоҷикистон

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, соли 2020  кормандони ин ниҳод аз фаъолияти 40 гурӯҳи ҷиноӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои фаромиллии иборат аз 87 нафар ва се гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ пешгирӣ кардаанд, ки бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд. Матбуот аз қавли Ҳабибулло Воҳидзода, раиси ин ниҳод, ки 4-уми феврал нишасти хабарӣ дошт, навишт, дар маҷмӯъ бо талоши ҳама сохторҳои ҳифзи қонун соли 2020 – 2425 килограмм  маводи мухаддир ошкор ва мусодира шуд. Ин 788 килограмм бештар назар ба соли 2019 мебошад.

Ҳабибулло Воҳидзода инчунин гуфтааст, ки соли гузашта  як ҳолати хариду фурӯши маводи нашъовар тавассути Интернет ошкор шудааст. Ӯ гуфтааст, ин мавзӯъ аз он назар мавриди нигаронӣ аст, ки “тиҷорати электронӣ рӯз то рӯз рушд карда истодааст, эҳтимол дорад ин бахш ҳам зиёд шавад.  Барои ҳамин мо омодагии худро барои пешгирии ин корҳо дида истодаем”.

Мақомот инчунин гуфтаанд, ки  дар Тоҷикистон шумораи нашъамандоне, ки расман сабти ном шудаанд коҳиш ёфта 5099 нафарро  ташкил медиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.