Қоидаҳои нави ИМА дар робита бо пандемия

Дар ИМА, ки шумори марги инсонҳо бар асари COVID-19 рӯзона то 4,5 ҳазор нафар афзудааст, тасмим гирифтанд, ки маъракаи эмкунӣ суръат бахшида мешавад ва тақрибан тамоми мусофирони воридшаванда ба ин кишвар  бояд тести манфӣ дар даст дошта бошанд. Баъди интиқодҳо аз суръати сусти эмкунӣ, маъмурияти Трамп эълон кард, ки барои сокинони 65-сола боло воксина дастрас мешавад. Пеш аз ин ҳар аёлат қоидаҳои печидаи худро дар бораи афроди дорои ҳақи гирифтани воксина дар навбати аввал доштанд. Ҳукумати федеролӣ инчунин тамоми захираҳои воксинаҳоеро, ки дар ихтиёр дорад, ба истифода мебарорад.

Дар вилояти серҷамъияти Онтариои Канада аз 14-уми январ қоидаи хонашинӣ ҷорӣ  мешавад. Танҳо муассисаҳои эҳтиёҷи аввалиндараҷаи мисли беморхонаву фурӯшгоҳҳои ғизо боз мемонанд.

Дар Индонезия президент Йоко Видодо рӯзи 13-уми январ  аввалин воксинаи сохтаи Чин бо номи Sinovac-ро қабул кард. Ин воксинаро дар кишвари иборат аз 270 миллион аҳолӣ сабтином карданд. Дар Чин як шаҳри панҷмиллионнафарӣ, ки дар наздикии Пекин ҷойгир аст,  ба минтақаҳои маҳдудшудаи дигар илова шуд. Дар ҳамин ҳол, баъди чанд дафъа таъхир, мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вориди шаҳри Вуҳани Чин шуданд, то ки табиат ва асли вирусро биомӯзанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.