Қонуни баҳсбарангези амният дар Ҳонгконгро баррасӣ мекунанд

Қонунгузорони Чин тарҳи ҷанҷолбарангези амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро баррасӣ мекунанд. Мунтақидон мегӯянд, ин қонун ҳуқуқи башарро дар Ҳонгконг ба чолиш хоҳад кашид. Лоиҳа дар нишасти хоси Конгресси миллии мардумии Чин рӯзи якшанбеи 28-уми июн баррасӣ шуд ва дар ду рӯзи оянда ҳам мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Агар тавре ки интизор меравад лоиҳа сешанбеи оянда қабул шавад, ҳаргуна ҷудои‌талабӣ, ба чолиш кашидани қудрати давлат ва забон як кардан бо нерӯҳои хориҷиро гуноҳ арзёбӣ хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.