Қуботбек Боронов – сарвазири пешини Қирғизистонро ба бозпурсӣ даъват карданд

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ё пулиси молии Қирғизистон сарвазири пешини ин кишвар Қуботбек Бороновро ба бозпурсӣ даъват кард.

Аз ин хадамот гуфтанд, Боронов рӯзи 12-уми январ ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешавад. Пулиси молӣ ҷузъиёти парвандаеро, ки Боронов дар доираи он бозпурсӣ мешавад, ошкор накард.

Пулиси молии Қирғизистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 тафтиши тақсими ғайримақсадноки кӯмакҳои башардӯстонаеро шуруъ кард, ки барои мубориза бо вабои коронавирус пешбинӣ шуда буданд. Дар доираи ин парванда вазири пешини тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев боздошт шудааст.

Ба иттилои тафтишот, вазорати тандурустии Қирғизистон 13 мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро бо арзиши барзиёд харидорӣ кардааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калон расонидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.