Қурбоналӣ Абдуллоевро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супориданд. Ин ҳунарманди шинохта рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Манбаъ: ozodi.org