Ҳаҷ шуруъ шуд: тавоф танҳо барои сокинони Арабистони Саудӣ иҷозат аст

Зойирони Каъба рӯзи якшанбе адои маросимҳои ҳаҷро шуруъ карданд. Дар ин бора расонаҳои Арабистони Саудӣ иттилоъ доданд.

Маросими ҳаҷ соли дувум аст, ки бинобар пандемияи КОВИД-19,  дар шароити маҳдуд баргузор мешавад. Мақомоти Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ адои ҳаҷро танҳо барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое иҷозат доданд, ки дар он кишвар зиндагӣ доранд.

Интизор меравад, наздики 60 ҳазор кас адои ҳаҷ кунанд. Ду соли пеш тақрибан 2,5 миллион кас аз саросари дунё барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд. Мақомоти Арабистони Саудӣ моҳи июни имсол гуфтанд, танҳо афроди аз 18-сола то 65-солае, ки ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд, иҷозаи ширкат дар ин маросимро доранд.

Мақомоти шоҳигарии Арабистони Саудӣ умедворанд, ки бо иҷро ин шартҳо мисли ҳаҷҷи соли 2020 аз густариши коронавирус пешгирӣ хоҳанд кард.

Маросими асосии ҳаҷ имрӯз – душанбе дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ доир мешавад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.