Ҳабиб Нурмагомедов унвони қаҳрамониро ҳифз кард, вале гуфт, UFC-ро тарк мекунад

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размкори маъруфи доғистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад, шаби 24-уми октябр дар муҳориба Ҷастин Гэйҷиро шикаст дод ва бори севум унвони қаҳрамониро дар созмони UFC ҳифз кард. Муҳорибаи Нурмагомедов ва Гэйҷи дар Абу Заби баргузор шуд. Ҳабиб Нурмагомедов дар қисми дуюми бозӣ ҳарифашро нафасгир кард ва бо ин ғалаба рекорди нав гузошт. Ӯ то ин дам дар намуди муҳорибаҳои бидуни қоида 29 сабқат гузаронда, дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст. Ҳабиб Нурмагомедов баъд аз анҷоми сабқат гуфт, ба “карйера”-и варзишиаш хотима медиҳад ва UFC-ро тарк мекунад. Чун ба гуфтааш, наметавонад бидуни падараш роҳро идома диҳад. Абдуманоф Нурмагомедов, падари Ҳабиб Нурмагомедов, тобистони имсол дар пайи гирифторӣ ба COVID-19 ҷон бохт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.