Ҳабси чанд одам дар Узбекистон бо гумони ғорати санги тило

Пулиси вилояти Ҷиззахи Узбекистон хабар дод, ки дар ноҳияи Галлаарали вилоят бо гумони истихроҷи ғайриқонунии тило чанд одам боздошт шудааст.

Аз боздоштшудаҳо василаҳои тилоҷӯӣ мусодира шудааст. Ба иттилои пулис, аз рӯи ҳодисаи тилоҷӯӣ тафтишот идома дорад.

Моҳи августи соли ҷорӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки чанд одам бо гумони ғорати санги тилое боздошт шуданд, ки наздики 23 ҳазор доллар арзиш дошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.