Ҳафтгона ба ҷаҳон 1 миллиард эми зидди COVID-19 ваъда кард

Дар ҳоле ки сарони G7 ё ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд, дар дидоре вокуниши якҷояи худро ба ҳамагирии COVID-19 ҳамоҳанг кунанд, Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки дар ду соли оянда 500 миллион вояи эм ё воксини Pfizer-ро тақрибан ба 100 кишвари дунё тақдим хоҳад кард.

Интизор меравад, дар ин бора Байден рӯзи 10 июн дар арафаи нишасти серӯзаи G7, ки ин дар Англия оғоз мешавад, изҳорот диҳад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳҳои бартараф кардани маҳдудияти кишварҳои камбизоатро дар дастраӣ ба воксин баррасӣ мекунанд.

Бино бар як ёддошти пешниҳодӣ, ки Bloomberg News матни онро дидааст, раҳбарони G7 инчунин ваъда хоҳанд кард, ки дар соли оянда ба кишварҳои камбизоат 1 миллиард вояи иловагӣ мерасонанд. Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ва қисми зиёди Аврупо дар маъракаҳои эмгузаронии аҳолӣ ба пешрафти босуръат ноил мегарданд, бисёр давлатҳо ҳанӯз ҳам мубориза мебаранд, ки бо истифода аз воксин аз густариши ҳамагирии коронавирус пешгирӣ намоянд. Ёриҳои нав ба воситаи барномаи байналмилалии ваксинаи COVAX расонда хоҳанд шуд, ки эмҳои зидди COVID-19-ро ба кишварҳои дорои даромади кам ва миёна тақсим мекунад. Дар илова ба таъйини стратегияи ҷаҳонии эмгузаронӣ, интизор меравад, ки сарони G7 инчунин роҳҳои боз кардани марзҳо барои саёҳат ва эҳёи иқтисоди ҷаҳонро дар давраи пас аз пандемия баррасӣ хоҳанд кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.