Ҳайати ҳукуматии Афғонистон барои сафар ба Давҳа омода мешавад

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳукумат ҳайатеро ба Қатар барои ширкат дар музокироти деринтизори сулҳ бо Толибон мефиристад. Қабл аз ин ҳукумат  Толибони зиндониро озод кард. Табодули зиндониҳо махсус дар остонаи шурӯи музокирот дар Давҳа сурат гирифт. Як манбаи ҳукуматӣ дар сӯҳбати пӯшида бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 2 сентябр тамоми Толибони боқимонда озод мешаванд. Сафари ҳайат ба Давҳа рӯзи 3 сентябр баргузор мешавад. Ба иттилои Ноҷия Анварӣ, сухангӯи вазорати давлатӣ дар умури сулҳ, барои омодагии таъминотии муколама аз Кобул “як тими хурди фаннӣ” фиристода шуд. Баъди 1-уми сентябр ҳукумати Афғонистон ҳудудан 200 зиндонии Толибонро озод кард ва сарнавишти 400 зиндонии дигар муаллақ монд. Ин нафаронро дар содир кардани ҳамлаҳои бисёр сангин гунаҳгор мекунанд. Толибон ҳукуматро дар таъхири музокирот гунаҳгор карда гуфтанд, ки агар табодули зиндониҳо хотима ёбад, онҳо дар як ҳафта ба шурӯи музокирот омода мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.