Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот эълон шуд

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард.

Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар – даъват шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад. Аъзои мунтахаби Тоҷикистон27-уми октябр дар Душанбе ҷамъ меоянд ва 4-уми ноябр ба Дубай парвоз мекунанд. 

Бояд гуфт, ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Бояд гуфт, ки ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои чаҳор даври охирини марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шудааст. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»),

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммаджон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.