Ҳайати парлумонии Индонезия ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябри 2019 дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахрӣ Ҳамза баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дар заминаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба аҳамияти робитаҳои байнипарлумонӣ дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои фаровон бобати таҳким ва тавсеаи бештари робитаҳоро дар арсаҳои гуногун доранд.

Ҳайати парлумонии Индонезия зимни сафар ба Тоҷикистон аз маконҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат дидан намуд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.