Ҳалокати се нафар дар садамаи Душанбе. Майори милисаро дастгир кардаанд

Султонҷон Султонов, сардори шӯъбачаи кофтукоби ҷиноии ВКД дар ноҳияи Варзоб, ки дар садамаи шаби 11‑уми феврал гумонбар дониста мешавад, боздошт шудааст. Мақомоти ВКД фарди муттаҳам дар ин ҳодисаро “як сокини шаҳри Душанбе” номидаанд, аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ майори милиса аст.

Шаби 11‑уми феврал дар наздики корхонаи сементи шаҳри Душанбе мошини навъи “Тойота-Авалон”, ки Султонҷон Султонов савори он будааст, бо мошини “Опел” бармехӯрад. Ронанда ва ду мусофири мошини “Опел” ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Султонҷон Султонов дар ҳоли ҳозир дар боздошт қарор дорад . Ба гуфтаи ӯ, майори милиса аз мақомаш барканор шудааст. “Ҳоло нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”,‑гуфт ӯ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар шарҳи расмӣ гуфт, ки ҳодиса тақрибан соатҳои 00:10 рух додааст ва ронандаи “Тайота-Авалон” ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Варзоб ба тарафи кӯчаи Карамови Душанбе, дар наздии парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилии ВКВД бинобар “баланд будани суръати ҳаракат” ба тарафи муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини “Опел” бармехӯрад.

Ба иттилои ВКД, дар натиҷа ронанда Аъзамҷон Солиев ва мусофираш Анвар Расулов, ки ҳар ду сокини ноҳияи Варзоб будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Муҳаммадҷон Боев ва Абдураҳмон Меликов — ду мусофири дигари “Опел” бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Боев дар бемористон фавтидааст.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳафтаи гузашта низ бо ширкати як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ рух дода буд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Беҳрӯз Саидзода, муовини сардори шӯъбачаи кофтукоби ҷиноии ШВКД‑и шаҳри Бохтар, подполковники милитсия се пиёдагардро пахш карда, мошинаш ба канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садама корманди милиса ва се пиёдагард ба ҳалокат расида, як нафар маҷрӯҳ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ ва ё рад накардааст.

Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон, бахусус бо иштироки мақомодорон ё фарзандони онҳо ҳамеша пурсару садо ҳастанд.

Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

Моҳи октябри соли гузашта Баҳром Азаматов, масъули бахши тақсими рақамҳои давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт дар вилояти Суғд, ки дар як садамаи маргбор гунаҳкор дониста мешуд, аз мақомаш барканор шуд.

Баҳром Азаматов, масъули бахши тақсими рақамҳои давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт дар вилояти Суғд дар ҷараёни таҳқиқи як садамаи маргбор аз мақомаш озод шудааст. Бино бар ҳуҷҷатҳои тафтиши воқеа, ӯ бо худраваш қоидаи ҳаракатро вайрон карда, боиси марги як пулис ва маҷруҳ шудани ду нафари дигар шудааст. Назари худи ӯ ва наздиконаш дар бораи қазия то ҳанӯз маълум нест.

Дар садамаи дигари нақлиётӣ бо ширкати Ислом Анварзода, муовини пешини додситонии ноҳияи Фирдавсӣ Баҳром Ғафурӣ сарояндаи шинохта ба ҳалокат расида буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.