Ҳамдардии Тоҷикистон ба хонавода ва пайвандони қурбониёни заминларзаи Афғонистон

Ҳукумати Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни зилзилаи Афғонистон ҳамдардӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июн дар вебсайти худ навишт, “ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард”.

“Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем”,-омадааст дар идомаи ин нома.

Дар ин номаи тасаллияти ҳукумати Тоҷикистон номе аз Толибон, ки айни ҳол қудратро дар даст доранд, бурда нашудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳеч яке аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд.

Дар урфи дипломатӣ ҳам номаҳо ба ҳукуматҳои эътирофшуда аз сӯи СММ фиристода мешаванд ва зоҳиран ба ҳамин далел, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мустақиман ба пайвандони қурбониёни зилзила тасаллият гуфтааст.

Бар асари зилзилаи ду рӯзи пеш дар Афғонистон беш аз 1000 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1500 захмӣ шудаанд. Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо хостори кӯмак ба зилзилазадагони Афғонистон шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.