Ҳамдеҳаҳо бозпурсӣ мешаванд. Ҷузъиёти куштори мудҳиш дар Ҷайҳун

Бо гузашти ду рӯз аз куштори бераҳмонаи як оила дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), то ҳанӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса шарҳе надодааст. Аҳлиддин Маҳмадов , падари 39-солаи хонавода бо се фарзандаш дар ҳодисаи шаби 12-уми июн кушта шуданд, Латофат Азизова – ҳамсари ӯ дар ҳолати кома қарор дорад. Писари 11-солаи ин оила низ дар бемористон аст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД исми аъзои хонаводаи Маҳмадовҳоро ирсол кард. Инҳо: 

Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, соли таваллуд 1982 

Азизова Латофат Азизовна, соли тавалуд 1985

Маҳмадова Гулрухсор

Маҳмадова Саломатхон Аҳлидиновна, соли таваллуд 2007

Маҳмадова Саодат, соли таваллудаш 2008

Ҳодиса рӯзи 12 июн дар деҳаи Тарғоқ рух дода ҳанӯз сабаби куштори мудҳиш маълум нест. Ба иттилои тасдиқношуда, афроди номаълум аъзои оиларо бо табар ба қатл расондаанд. Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишот идома дорад, сокинони деҳа ба бозпурсӣ даъват шудаанд. Пайвандони кушташудаҳо гуфтанд, феълан дар робита ба ин ҳодиса ҳеҷ кас боздошт нашудааст. Ноҳияи Ҷайҳун дар 161-километрии ҷануби Душанбе ва наздик ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Аксар сокинонаш аз роҳи кишоварзӣ рӯзии худро таъмин мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.