Ҳамла ба рӯзноманигори ӯзбек баъди шунидани шикояти зани маъюб

Наворбардори сомонаи хабарии Effect.uz Ғиёсбек Эшов 13 май дар ноҳияи Қуваи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.

Ба Эшов замоне ҳамла шудааст, ки ӯ ҳамроҳи хабарнигор аз бинои ҳукумати ноҳия берун шуда, ба хонаи зани ҷабрдида мерафтанд. Ҳамлагарон бо пошидани газ ба чашмони наворбардор шишаи мошини ӯро шикаста, дурбинашро дуздидаанд.

Дар изҳороти “Effect.uz” омадааст, ки Эшов ва рӯзноманигор Элёр Тоҷибоев бо омӯзиши шикояти як зани маъюб машғул буданд ва бинобар ин, ба ҳукумати ноҳияи Қува рафтанд. Ин зан модари чаҳор фарзанд буда, ҳанӯз натавонистааст ҷуброни хонаи тахрибшудаашро дарёфт кунад.

Ба гуфтаи сармуҳаррири Effect.uz Акмалхон Эшонхонов, ҳоло қазияи ҳамла ба наворбардори онҳоро додситонии вилояти Фарғона таҳқиқ дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.