Ҳамлагари мусаллаҳ дар Индианаи ИМА 8 нафарро кушт

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки як марди мусаллаҳ дар шаҳри Индианаполиси аёлати Индиана ба сӯи мардум тир кушода, ҳашт нафарро ба ҳалокат расонид ва чанд нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳодиса шабонгоҳи 16 апрел дар назди идораи FedEx-и воқеъ  дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Индианаполис рух дод. Полис гуфт, ҳамлагар дар ниҳоят худкушӣ кард. Дар миёни дастикам чор бистаришуда бо ҷароҳатҳо ҳолати як нафарашон сангин арзёбӣ мешавад. Феълан ҳуввияти ҳамлагар маълум нест.  Ҳамчунин маълум нест, ки сабаби даст ба чунин кор задани ӯ чӣ аст.

Президент Ҷо Байден ваъда додааст, ки бар зидди хушунат бо истифода аз силоҳ мубориза мебарад, чун дар ИМА ҳодисаҳои кушторҳои ҷамъие, ки аз ҷониби афроди ҷудогона дар маконҳои ҷамъиятии мисли мактабу фурӯшгоҳҳо рух медиҳад, зиёд мебошад.

Мавзӯи фурӯши озоди силоҳ дар ИМА ҷомеаро ду тақсим кардааст, ки баробар бо мухолифони фурӯши он, тарафдоронаш ҳам кам нест ва онҳо мегӯянд, ҳақи доштани силоҳ бар асоси конститутсияи кишвар иҷоза дода шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.