Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба нирӯҳои вобаста ба Эрон дар Сурия

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Нимашабии рӯзи сешанбеи 24 ноябр аз тарафи Нирӯҳои мусаллаҳи Исроил ба мавқеъи ҷангиёни вобаста ба Эрон дар ҷануби манотиқи Димишқ, пойтахти Сурия ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифта буд. Акнун маълум шуд, ки дар он 8 ҷангҷӯи марбут ба Эрон зимни он кушта шудаанд. 
  • Дар ин бора бахши форсии Би-би-си иттилоъ медиҳад.
    Ба навиштаи манбаъ, ҷониби Сурия а талафоти ҷонӣ дар ин ҳамларо радд карда,  танҳо аз хисороти моддӣ мегӯяд. Аммо Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё воқеъ аст, гуфт, ки дар ин ҳамла ҳадди ақалл ҳашт ҷангҷӯи марбут ба Эрон кушта шуданд.
  • Ба гуфтаи ин гурӯҳ, як силоҳхона ва яке аз мавқеъҳои нерӯҳои Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар канори Димишқ мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва ба мавқеъҳои дигари гурӯҳҳои иртиботдошта дар ҷануби Сурия низ ҳамла карданд.
  • Хабаргузории Сурия қаблан хабар дода буд, ки рустои Руйина дар ҷанубтари минтақаи Қанитра дар наздикии минтақаи ишғолии Ҷавлон ҳам ҳадаф қарор гирифтааст.
  • Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки то ҳол шахсияти афроди дар ин ҳамла кушташударо муайян карда натавонистаанд.
  • Исроил, ки одатан ҳамлаҳоро шарҳ намедиҳад, бори дигар дар бораи нақши худ дар ин ҳамлаҳо хомӯш аст. Мақомоти Эрон ҳам то ба ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
  • Бояд гуфт, ки Эрон тайи чанд соли ахир  дар пайи тақвияти  ҳузури худ дар минтақа  бо Арабистони Саудӣ, Исроил ва ИМА дар сангари мубориза қарор дораду Сурия майдони набардҳо маҳсуб мешавад.

The post Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба нирӯҳои вобаста ба Эрон дар Сурия appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.