Ҳамлаи мушакӣ ба озмуни қуръонхоние дар Кунар 16 нафар, асосан наврасонро маҷрӯҳ кард

Раҳбари вилояти Кунари Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ба қароргоҳи раиси волӣ асобат кардани як мушак 16 нафар, аксар наврасон маҷрӯҳ шуданд. Муҳаммад Иқбол Саид  рӯзи 26-уми апрел дар сӯҳбат бо радиои “Афғонистони озод” гуфт, ки ҳамла ба қароргоҳи вилоят дар шаҳри Асадобод тахминан соатҳои 9:30-и маҳаллӣ рух дод. Ин лаҳзаҳое буд, ки дар миёни муҳассилони мадрасаҳои маҳаллӣ озмуни қуръонхонӣ ҷараён дошт. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳамла 14 шогирди мадрасаву омӯзгорон ва ҳам ду ходими амният маҷрӯҳ шуданд. Синни шогирдон 10 то 18-сола мебошад.

Саид гуфт, ки ба ҳангоми ҳамла дар озмуни қуръонхонӣ тахминан 150 шогирду омӯзгор ҷамъ омада буданд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Вале аксар минтақаи Кунар, ки бо Покистон ҳаммарз аст, аз ҷониби Толибон назорат мешавад. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ин кори дасти гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ мебошад. Дар ин минтақа инчунин аъзои “Давлати исломӣ” ҳам фаъол ҳастанд.

Дар ҳоле, ки ҳукумат ва Толибон бар асоси созиши соли 2020 аз моҳи сентябр ба ин сӯ музокироти рӯбарӯ пеш мебаранд, мавҷи хушунатҳо дар саросари Афғонистон кам намешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.