Ҳамоиши бизнес, технология, медиа ва фарҳанги Go Viral Central Asia дар Душанбе

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Шуруъ аз имрӯз фестивали ҳамасолаи бизнес, технология, медиа ва фарҳанги Go Viral Central Asia баргузор шуда, то 20 июн идома хоҳад кард. 

  • Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо пахши як огоҳинома иттилоъ додааст. “Имруз шуморо ба тамошои оғози расмии фестивал, ки соати 15:00 шуруъ мешавад, даъват мекунем. Фестивал дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook – Go Viral TJ ва Instagram мустақиман пахш мегардад”- омадаааст дар огоҳинома.
  • Фестивали  «Go Viral» аз  ҳамоишҳои муҳиммест, ки шахсиятҳои боистеъдоду эҷодкорро аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам меорад. Дар ҳар як бахши он зиёда аз 50 нафар маърӯзагарон ва сухангуён аз Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар  ширкат меварзанд.
  • Ҳамоиш  суханрониву баррасиҳо, намоишҳои омӯзишӣ (workshops), намоиши филмҳои мустанад, сессияҳои нетворкинг ва консертҳои мустақимро дар бар гирифта, ширкат дар онҳо ройгон мебошад.
  • Чорабиниҳои имсола дар Алма-Ато, Тошканд, Бишкек ва Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Бо барномаи чорабиниҳое, ки  дар шаҳрҳои Алмаато, Бишкек ва Тошканд баргузор мегарданд, аз ин пайванд шинос шудан имкон дорад: https://goviral.kz/. Бахши  зиндаи фестивал дар шаҳри Душанбе дар American Space and Makerspace Dushanbe Tajikistan – Маркази амрикоӣ баргузор мегардад.
  • Маврид ба зикр аст, ки Фестивали «Go Viral» аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

The post Ҳамоиши бизнес, технология, медиа ва фарҳанги Go Viral Central Asia дар Душанбе appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.