Ҳамсари президенти бедаракшудаи “Сапат” гуфт, шавҳарашро дар сафорати Туркия нигаҳ медоранд

Райҳона Инон, ҳамсари президенти бедаракшудаи мактаби байналмилалии “Сапат”-и Қирғизистон Орхан Инон гуфт, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паём гирифтааст, ки шавҳари ӯро бо зурӣ дар сафорати Туркия дар Бишкек нигаҳ медоранд. Вале ӯ шарҳ надод, ки ин паёмро ба ӯ кӣ расондааст.

“Мутаассифона, ман наметавонам манбаи худро ифшо кунам. Зеро ҷони Орхан дар хатар аст. Мақомоти Туркия ба раҳбарии президент Раҷаб Эрдуғон то ҳол 96 нафарро тавассути сафоратхонаҳои худ дар 23 кишвар рабудаанд ва ҳоло ҳамаи он одамон дар зиндонанд”, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсари Орхан Инон, шавҳари ӯ шаҳрванди Қирғизистон аст ва ҳоло ба ӯ фишор меоранд, то аз шаҳрвандии ин кишвар даст кашад.

Сафорати Туркия дар Бишкек то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст ва дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки ҷустуҷи Орхан Инон идома дорад.

Бедаракшавии президенти мактаби байналмилалии “Сапат” вокунишҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овардааст. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳатто дастур дод, ки ҷустуҷӯи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.

Ҷонибдорони Орхан Инон иддао доранд, ки дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад.

Президенти мактаби байналмилалии “Сапат” шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои “Сапат”-у донишгоҳи “Отатурк Ала-Тоо” мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.