Ҳамсари Сарвазири Арманистон омода аст, ки ба ҷабҳа равад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Анна Акопян- ҳамсари Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки ӯ ва 12 зани дигар омӯзиши низомиро оғоз мекунанд ва ба Қарабоғи Кӯҳӣ мераванд.

  • “Як гурӯҳи 13 нафарӣ, аз ҷумла ман дар ҳоли омӯзиш ҳастанд. Пас аз чанд рӯз мо барои дифоъ аз марзҳоямон ба ҷабҳа меравем. На Ватан ва на шаъну шарафи мо ба душман таслим нахоҳанд шуд”- навишт ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук.
  • Чанде пеш расонаҳо дар бораи ба ҷабҳа рафтани Ашот Пашинян- писари Сарвазири Арманистон хабар дода буданд. Он замон Анна Акопян- ҳамсари Никол Пашинян изҳор намуд, ки ҷуз аз фидо намудани ҷон барои ҳифзи ватан чизи муқаддасе нест. Писари Сарвазири Арманистон то ҳол ба минтақаи низоъ ба Қарабоғи Кӯҳӣ  нарафтааст, вале санаи ба ҷабҳа рафтани ӯ муайян шудааст.
  • Ҳафтае пеш Сарвазири Арманистон Никол Пашинян аз даъватҳои қаблии худ дар бораи ҳалли дипломатии қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ даст кашид.
  • “Дар вазъи кунунӣ барои дастёбӣ ба ҳуқуқи мардуми Арманистон ба ҷуз аз ҷангидан чорае  вуҷуд надорад. Имрӯз бояд аслиҳа дар даст бигирем ва замини худро дифоъ кунем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем як роҳи ҳалли дипломатии қобили қабулро ба даст орем”- таъкид намуд ӯ.
  • Вазъият дар Қарабоғи Кӯҳӣ 27 сентябр якбора тезутунд гардид. Тарафҳои даргир  дар оғози ҳамлаи мусаллаҳона ҳамдигарро гунаҳгор карданд. То ба имрӯз бар асари ин муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳазорҳо нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар захмӣ шуданд.
  • Дар ин миён бо ташаббуси Гурӯҳи Минск ва даъвати бисёре аз кишварҳои олам тарафҳо дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд, вале он дер напоид ва амалиётҳои ҷангӣ идома ёфтанд.

The post Ҳамсари Сарвазири Арманистон омода аст, ки ба ҷабҳа равад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.