Ҳашт донишҷӯ дар Леваканд аз мураббои олуча заҳролуд шуданд

Ҳашт нафар аз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант (Сарбанди собиқ) аз истеъмоли мураббои олуча заҳролуд шуда, дар бемористон қарор доранд. Ҳодиса ҳудуди панҷ рӯз қабл рух додааст. 

Дилшод Ғафуров, як масъули беморхонаи шаҳри Леваканд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин донишҷӯён муътадил мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, заҳролудшудаҳо донишҷӯёни соли аввал ва дувуми Коллеҷи тиббӣ буда, аз мураббое, ки як ҳамсабақашон аз Қубодиён овардааст, истеъмол карда ва заҳролуд шудаанд.

Ин дувумин ҳодисаи заҳролудшавии сокинон дар Хатлон давоми даҳ рӯзи охир ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта як модару кӯдак дар пайи истеъмоли қорч ё замбуруӯ заҳролуд шуда, ҷон бохтанд. Чанд узви дигари ин хонавода ҳанӯз дар бемористон қарор доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.