Ҳазорон нафар дар Ереван тазоҳурот карданд

Рӯзи 20-уми феврал дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван ҳазорон нафар бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашиниён раҳпаймоӣ карданд. Ӯро барои амалкардҳояш дар ҷанги шашҳафтаина бо Озарбойҷон дар соли гузашта танқид мекунанд. Тазоҳургарон рӯзи 20-уми феврал дар Майдони Озодӣ дар маркази Ереван ҷамъ омаданд ва “Арманистони бидуни Никол” шиор медоданд ва уро хоин меномиданд.

Никол Пашиниён талабҳо барои истеъфоро рад карда, вале гуфтааст, ки мумкин аст, интихоботи зудраси порлумонӣ баргузор намоянд. Ӯ, ки баъди тазоҳуроти оммавии соли 2018 ба сари қудрат омад, баъди қабули созиши оташбас бо Озарбойҷон, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, зери танқид монд. Ӯро ба гузаштҳои зиёд ба Озарбойҷон муттаҳам мекунанд. Созиши сулҳ рӯзи 10-уми ноябр ҳукми иҷро гирифт, ба ҷанги хунини 6 ҳафтаина, ки дар он арманиҳои Қаробоғи куҳӣ талафоти зиёд доданд, хотима дод.

Эътилофи 16 ҳизби мухолифи давлат дар Арманистон дар талош барои маҷбур кардани Никол Пашиниён ба истеъфо чандин бор аст, ки тазоҳурот ташкил мекунанд. Онҳо мехоҳанд, Пашиниён қудратро ба дасти ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии Вазген Манукиён, номзади ягонаи мухолифон бидиҳад ва ӯ интихоботи зудраси порлумониро зери назорат дошта бошад. Айни замон тарафдорони Никол Пашиниён дар порлумон аксариятро ташкил медиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.