Ҳинд ба таври изтирорӣ ба истифодаи Sputnik-V иҷоза дод

Ҳинд иҷоза дод, ки воксинаи русии Sputnik-V ба таври изтирорӣ барои эмкунӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 иҷоза дода шавад. Дар ин кишвари иборат аз 1,3 миллиард ҷамъият камбуди воксина эҳсос мешавад, аз ин рӯ воксинаи русӣ сеюм дар навбати тасдиқ будааст. Ширкати дорусозии Dr Reddy’s Laboratories рӯзи 13-уми апрел гуфт, ки иҷозаи иидораи назорати дорувории Ҳиндро ба даст овард ва акнун ба воридоти воксинаҳои русӣ мепардозад. Бунёди сармояҳои мустақими Русия, ки масъули таблиғи воксинаҳои русӣ дар ҷаҳон аст, гуфт,  Ҳинд кишвари серҷамъияттарине мебошад, ки барои гирифтани воксинаи Sputnik-V омодагӣ нишон додааст ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин ниҳод, 60 кишвар ё 3 миллиард аҳолии ҷаҳон, ки 40 дарсади сайёраро ташкил медиҳанд, барои дарёфти воксинаи Sputnik-V майл доранд. То ҳол дар Ҳинд беш аз 100 миллион воя (доза)-и воксинаҳои маҳаллии  Covaxin and Covishield ва ҳам воксинаҳои  AstraZeneca-и истеҳсолшуда дар ин кишварро ба аҳолӣ тақсим кардааст. Ба иттилои Бунёди сармояҳои мустақими Русия, бар асоси қарордод бо панҷ ширкати дорусозии Ҳинд соле 850 воя воксинаи Sputnik-V истеҳсол мешавад. Ҳинд яке аз кишварҳои шадидан осебдида бар асари коронавирус мебошад ва ҳалокати инсонҳо ҳам бар асари ин вирус назар ба Бразилия бештар аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.