Ҳинд дар ҳолати изтирории муқобила бо COVID-19 аст

Бритониё, ИМА ва Канада ваъда супурданд, ки ба Ҳинд ба таври оҷил таҷҳизоти тиббӣ мефиристанд, чун дар ин кишвар афзоиши бесобиқаи нави олудашавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Рӯзи 25-уми апрел дар ин кишвар  349,691 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва ин рӯзи чорум аст, ки омори олудагӣ ба COVID-19 дар ин кишвар рекордӣ мешавад.

Беморхонаҳои ин кишвар пур аз муштарӣ буда, дастгоҳҳои нафаскашӣ ба бистариҳо намерасад. Шабакаҳои иҷтимоӣ бо аксу наворҳои хешовандони бемороне пур шудааст, ки дар интизори ёрии тиббӣ ҷон додаанд. Қабристон ва крематорий ё муассисаҳои оташзании ҷасадҳо пур шудаанд.

Дар паи хабарҳои ташвишовар аз Ҳинд – Бритониё, ИМА, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори омодагӣ карданд, ки ба ин кишвар ёрӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафаскашиву оксиген мефиристанд. ИМА гуфт, ки маводи зарурӣ барои истеҳсоли воксинаи  COVID-19-ро ба Ҳинд мефиристад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.