Ҳинду Чин дар мавриди ҳалли низоъ дар марз “забон ёфтаанд”

Ҳинду Чин эълом карданд, ки дар робита ба ҳар чи зудтар аз ҳам дур кардани нерӯҳои низомияшон дар минтақаҳои наздимарзӣ ба созиш расиданд.

Дар ин бора 11 сентябр, баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин – Субраманям Ҷайшанкар ва Ван И дар шаҳри Маскав хабар доданд.

Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Пекин иртибот бо Ҳиндро ҳам тавассути роҳҳои дипломатӣ ва ҳам низомӣ ҳифз карда, барои “барқарории сулҳу оромӣ” дар минтақаҳои баҳсӣ чора меандешад.

Вохӯрии вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин дар Москва дар ҳолест, ки пештар дар марзи ду кишвар низое сар зада буд. Ҳар ду ҷониб нерӯҳои ҳамдигарро ба бемасъулиятӣ дар минтақаҳои баҳсӣ айбдор карданд.

Вазорати умури хориҷии Чин артиши Ҳиндро ба он муттаҳам кард, ки дар ҳодисаи рӯзи 8-уми сентябр хатти баҳсии марзро ба таври ғайриқонунӣ убур карда ба самти марзи ҳамдигар тири ҳушдордиҳанда холӣ карданд. Мақомоти Ҳинд ин иттиҳомотро рад карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.