Ҳизби чапгарои Косово гуфт, ба қудрат бармегардад

Раҳбари ҳизби  чапгарои «Худшиносӣ” (Vetevendosje)-и Косово гуфт, интихоботи парлумонии 14 феврал барои ин ҳизб шонси наве фароҳам кардааст. Албин Курти, раҳбари ин ҳизб баъди нашри нисфи натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, “фардо рӯзи нав шурӯъ мешавад. Ин пирӯзии олӣ имконият медиҳад, ки  даст ба тағйироти наве, ки дили мо мехоҳад, бизанем”. Курти гуфт,  дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумати нав адолат ва таъмини кор қарор мегирад, дар ҳоле, ки масъалаи муколама бо Сербия дар авлавияти ҳукумати оянда қарор надорад. Курти баъди дарёфти хабари 48 дар сади раъйҳои интихоботро бурдани ҳизбаш дар як нишасти хабарӣ суханронӣ кард. Дар мақомҳои поинтар ҳизби демократии Косово ва Лигаи демократии Косово қарор гирифтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.