Ҳизби коммунисти Чекословоки ҳизби ҷинояткор эътироф шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар Словоки Ҳизби коммунисти Чекословоки ба унвони як ҳизби ҷинояткор шинохта шуд. 
  • Тавре ожонсии СТК хабар медиҳад, дар Словоки (Словакия) қонуне қабул карда шуд, ки мувофиқи он Ҳизби коммунистии Чекословаки ба унвони як ҳизби ҷинояткор эътироф  мешавад.
  • Қонун инчунин гузоштани рамзҳои марбут ба низомҳои сиёсии худкома,  коммунистӣ, фошистӣ ва миллатгаро ва гузоштани номи намояндагони онҳо ба кӯчаҳо, хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад.
  • Ин қонун дар гузоштани номи кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба намояндагони низомҳои худкома  ҳолатҳоеро истисно мекунад, ки агар худи онҳо бар зидди ин низомҳо фаъолона мубориза бурдаанд.
  • Дар замимаи “Қонун дар бораи низоми куммунистӣ” гуфта мешавад, ки “низоми  куммунистӣ дар Чекословоки дар пахш намудани  ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ саҳм гузоштааст”.
  • Илова бар ин, дар Словоки гузоштани  кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба номҳои пешвоёни Ҷумҳурии Словоки, ки дар солҳои 1939-1945 бо Олмони Ҳитлерӣ  ҳамкорӣ кардаанд, низ қатъан манъ аст.
  • Ин санадро вакилони аҳзоби эътилофи ҳукумати Словоки, ки дар Шӯрои Миллӣ аксариятро ташкил медиҳанд, тасдиқ кард.
  • Бояд гуфт, ки Ҳизби коммунистии Чекословоки, ки аз соли 1948 дар сари қудрат буд ва пас аз инқилоби махмалӣ дар соли 1989 ва пош хӯрдани низоми кишварҳои сусиёлистӣ  қудрати худро аз даст дод. Муддати 40 сол ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳои коммунистии ташкилдодаи болшевикон, бо шумули Ҳизби коммунистии Тоҷикистон  зидди мардуми худ ҳазорҳо ҷиноятро раво дидааст, ки дер ё зуд баҳои ҳуқуқӣ хоҳанд гирифт.

The post Ҳизби коммунисти Чекословоки ҳизби ҷинояткор эътироф шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.